Ссылки доступа

Дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад


Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентиро 11 апрели соли ҷорӣ таъйин кард. Раъйдиҳии навбатӣ бояд дар моҳи октябри ҳамин сол баргузор мешуд. Дар ҳоли ҳозир хабар дода намешавад, ки тағйири санаи интихобот ба чӣ рабт дорад.

Илҳом Алиев - дар интихобот номзади ҳизби ҳокими Озарбойҷон хоҳад шуд.

Соли 2016 дар асоси раъйпурсӣ ба Конститутсияи Озарбойҷон 29 тағйиру иловаҳо ворид гардида буд.

Миёни ин тағйирот тамдиди муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол низ ҳаст. Илҳом Алиев аз соли 2003 ба ин сӯ дар Озарбойҷон қудратро дар даст дорад. Вай курсии президентиро аз падараш мерос гирифт ва дар интихоботҳои солҳои 2003, 2008 ва 2013 пирӯз шуд. Муҳлати навбатии президентии вай имсол ба охир мерасад.

Бар асоси тағйироти дигари Конститутсия, дар ин кишвар ду мансаби ноиб-президентӣ таъсис доданд. Ҳар ду ноиб низ аз сӯи президент таъйин ва барканор мешаванд ва ноиб-аввали президент нафари дувуми кишвар дониста мешавад. Дар сурати номукаллаф шудани президент маҳз ноиб-аввал вазифаҳои президентро пеш мебарад, на сарвазир.

Соли 2017 Алиев ҳамсараш - вакили порлумон Меҳрубон Алиеваро ноиб-аввали президент таъйин кард.

XS
SM
MD
LG