Ссылки доступа

Таҳсил дар коллеҷҳои Ӯзбекистон пулакӣ мешавад


Дар ин бора фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расидааст. Дар Ӯзбекистон пештар тамоми хонандагон баъд аз хатми синфи 9-ум ба коллеҷҳо ройгон қабул карда мешуданд, чун он як бахши маълумоти миёнаи касбии ҳатмӣ буд.

Вале дар пайи тасмими баргардонидани низоми таҳсили 11-сола дар мактабҳои миёнаи ин кишвар аз соли 2018/19 низоми таҳсил дар коллеҷҳо ҳам тағйир дода шудааст.

Вазорати молияи Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо вазоратхонаву идораҳои дахлдор бояд ҳамасола харҷи таҳсил ва ҳаҷми шартномаи ҳар як донишомӯзро муайян кунанд.

Ба иттилои Podrobno.uz, ҳамзамон таҳсили ройгон барои баъзе аз гуруҳҳои сокинон дар коллеҷҳо ҳифз хоҳад шуд. Барои намуна, фарзандони сокинони камбизоат дар коллеҷҳои бисёрсоҳагӣ метавонанд ройгон таҳсил кунанд.

Ба ҷуз ин, ҳукумати Ӯзбекистон тасмим дорад, ҳар сол барои таҳсили ройгон дар коллеҷҳо квота ҷудо кунад ва донишомӯзони "буҷавӣ" вазифадоранд, баъд аз хатми коллеҷ бо ихтисоси худ на камтар аз се сол дар минтақаҳо кор кунанд.

XS
SM
MD
LG