Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон назорати интиқоли маблағҳоро сахттар мекунанд (видео)


Власти Казахстана усиливают контроль за валютными сделками. Зачем?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:00 0:00

Қонун "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ба порлумони Қазоқистон ворид гардид. Бар асоси ин қонун, Бонки миллии Қазоқистон тасмим дорад, назорати интиқоли маблағҳоро сахттар кунад, ки гӯё барои берун бурдани сармоя аз кишвар равона шудаанд.

Ба андешаи намояндаи Бонки миллии Қазоқистон, дар сурати қабули қонун интиқоли маблағ аз кишвар барои муомилоти шубҳанок мушкилтар мешавад.

"Агар, барои мисол, муҳлати баргардонидани қарз фаразан 6-9 моҳро дар бар гирад, қобили қабул аст. Аз ин зиёдаш аллакай шубҳанок менамояд. Мо бовар дорем, ҳар муомилае, ки муҳлати беш аз ду солро дар бар гирад - ин муомилаи шубҳанок аст", - мегӯяд Олег Смоляков, муовини раиси Бонки миллӣ.

Ба иттилои Бонки миллии Қазоқистон, дар ҳоли ҳозир қарзи муомилаҳои содиротиву воридотӣ ба бештар аз 53 миллион доллар расидааст, ки аз ин миён 35 дарсадаш мумкин аст, баргардонида нашавад.

Вакилон аз тағйирот ба қонун хушбин нестанд. Ба гуфтаи онҳо, дар қонун дақиқ нишон дода нашудааст, ки кадом ниҳод ва чӣ гуна муомилаҳои "шубҳанок"-ро пайдо ва назорат мекунад. Пештар ин салоҳиятро Вазорати молия дошт, баъдтар дар ихтиёри Бонки миллӣ гузошта шуда, қисман Вазорати молия низ саҳм дошт. Дар натиҷа мақомоти ягонаи давлатӣ боқӣ намонд, ки масъулияти ин бахшро дар душ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG