Ссылки доступа

Конгрессменҳои ИМА тасмим гирифтанд, ёддоштҳои махфии демократҳоро нашр кунанд


Эдам Шифф
Эдам Шифф

Аъзои кумитаи Палатаи намояндагон дар умури иктишофии Конгресси ИМА ба ҷонибдорӣ аз нашри ёддоштҳои махфие овоз доданд, ки аз сӯи коршиносони Ҳизби демократӣ таҳия шудааст.

Дар ин ёддоштҳо даъвои коршиносони Ҳизби ҷумҳурихоҳон рад шудааст. Ҷумҳурихоҳон даъво доштанд, ки Бюрои федеролии таҳқиқотӣ ё FBI иҷозати додгоҳро барои гӯш кардани муколамаҳои корманди ситоди интихоботии Доналд Трамп, ғайриқонунӣ дарёфт кардааст.

Дар ёддоштҳои ҷумҳурихоҳон омадааст, ки FBI замони дархости иҷозати гӯш кардани муколамаҳои Картер Пейҷ, мушовири пешини номзад ба мақоми президентӣ - Доналд Трамп, хабар надодааст, ки мақомот дар кадом асос нисбати Пейҷ шубҳа пайдо кардаанд. Ба иттилои ҷумҳурихоҳон, шубҳа дар мавриди Пейҷ аз гузориши корманди пешини идораи иктишофии Бритониё Кристофер Стил пайдо шудааст. Дар навбати худ гузориши Стилро Кумитаи миллии Ҳизби демократӣ сармоягузорӣ кардааст. Ба даъвои ҷумҳурихоҳон, судяҳо дар ин бора огоҳ карда нашудаанд.

Аммо дар ёддошти демократҳо ҷузъиёти иловагӣ дар бораи дархости гӯш кардани мушовири Трамп аз сӯи FBI зикр шудааст. Демократҳо мегӯянд, FBI ба судяҳо хабар дода буд, қисме аз иттилоаш аз манобее дастрас шудааст, ки ҳадафи сиёсӣ доранд.

Эдам Шифф, роҳбари демократҳо дар кумитаи иктишофӣ ҷумҳурихоҳонро бо он айбдор кард, ки талош доранд, фаъолияти додситони махсус Роберт Мюллерро барҳам занад. Мюллер дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии соли 2016-и ИМА таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG