Ссылки доступа

Сокини Қарағанда барои азми сафари Сурия 9 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Қазоқистон 6 феврал Жансая Т., сокини 30-солаи шаҳри Қарағандаро бо ҷурми "омодагӣ ба анҷоми ҷиноят, пайвастан ба сафи гуруҳи террористӣ ва ҷалби ноболиғ" 9 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Жансая Т. гӯиё барои пайвастан ба сафи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) омодагӣ дида, мехостааст, як хеши ноболиғи худро низ ҳамроҳаш ба Сурия бибарад.

Ҷониби ҳимоятгару худи айбдоршаванда мегӯянд, ҳангоми баррасии парвандаи ӯ "қонуншиканиҳо"-и зиёд сурат гирифтааст. Жансая Т. дар додгоҳ гуфтааст, ки қасди пайвастан ба ДИ-ро надошт ва танҳо дар чаҳорчӯби фармудаҳои кормандони Кумитаи амнияти Қазоқистон амал мекард. Амниятиҳои қазоқ гӯиё аз хостаанд, ки дар боздошти яке аз ҷангиён кумак кунад.

"Кормандони амният маро ба гап дароварданд, то ба боварии шахсе дароям, ки гӯиё бо гуноҳи ӯ шавҳарам боздошт шудааст. Се сол таҳти назорати амниятиҳо будам. Ҳамеша маро таъқиб ва ин пешниҳодро ёдрас мекарданд. Дар натиҷа ба хотири раҳоӣ аз ин ҳолат маҷбур шудам, розӣ шавам. Танҳо мехостам, мақомот он шахсро дастгир кунанд. Қасд надоштам, касеро ҳамроҳи худ барам. Ин дуруғ аст. Вақте хостам, биравам маро боздошт карданд", - изҳор доштааст айбдоршаванда.

Жансая Т. аз моҳи сентябри соли 2017 ба ин сӯ дар боздошт буд. Кормандони Кумитаи амнияти Қазоқистон ӯро замоне дастгир карданд, ки мехост, Қарағандаро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG