Ссылки доступа

Ҳенри С. Эншер: Марги Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ карда наметавонем


Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон рӯзҳои 3 ва 4 феврал дар Душанбе бо мақомот ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дидору мулоқот кард.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, дипломати баландпоя дар ҷараёни ин сафар бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва ҳам мақомоти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Эншер бо рӯзноманигорони тоҷик низ суҳбат кард. Вай дар робита ба марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: "Айни замон мо шоҳиди ҳузури гурӯҳи Хуросони ДОИШ дар чанд ноҳияи шарқии Афғонистон шудаем. Ҳоло метавонам бигӯям, ки баъзе аз онҳо ахиран дар вилоятҳои шимолушарқии Афғонистон пайдо шудаанд. Мо аз ҳукумати шумо ва дигарон возеҳ шунидем, ки ин афрод хатар эҷод мекунанд ва ҳукумати Тоҷикистон ва дигарон албатта мехоҳанд, бо мо ҳамкорӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд, мо талошҳоямонро бештар кунем, ки ин хатар зиёд нашавад. Мо ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҳукумати Афғонистонро ҳамчунон идома медиҳем, то замонат бидиҳем, ки хатари гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон кам шавад. Коре, ки дар соли гузашта кардаем".

Дар робита ба сарнагун шудани сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ва хабари марги вай аз сӯи низомиёни рус, Эншер гуфт: "Русҳо бисёр чиз мегӯянд. Мо ҳоло дар мавқее нестем, ки ин хабарро тасдиқ кунем".

Дар мавриди кам шудани пуштибонии ИМА аз барномаҳои мухталиф, ёвари мушовири котиби давлтаии ИМА афзуд: "...буҷаи умумии мо барои барномаҳои мухталиф коҳиш ёфт. Ман ҳоло ба шумо сабабҳои ин тасмимро аз назари сиёсати дохилӣ шарҳ намедиҳам. Вале бо ин вуҷуд мо пуштибони пешрафти кори ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастем, чунки дидгоҳи бунёдии мо ин аст, ки ҷомеаи қавии маданӣ гарави давлати қавӣ мебошад. Кишвари қавиву босубот барои мо хуб аст. Мо ҳамкориро бо созмонҳои ҷамъиятӣ идома медиҳем ва ман чанд намояндаи чунин созмонҳоро шоми дирӯз дида будам. Мо як сӯҳбати хеле муҳим ва ҷолибе доштем".

XS
SM
MD
LG