Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси хонагӣ ва манъи равуои Саакашвилӣ ба охир расид


Шаби 5 ба 6 феврал муҳлати ҳабси шабонаи хонагӣ ва маҳдудияти хориҷ шудан аз ҳудуди Киев барои президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба охир расид.

Пештар айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки нисбати Саакашвилӣ ҳабси комили хонагӣ эълон кунад. Мақомоти Украина Саакашвилӣ ва ҷонибдоронашро дар дарёфти маблағ аз тоҷири украин Сергей Курченко бо ҳадафи пешбурди фаъолияти сиёсӣ дар Украина, айбдор мекунанд.

Баъди ба поён расидани муҳлати маҳдудиятҳои таъйиннамудаи додгоҳ Саакашвилӣ акнун озод аст ва танҳо бояд дар сурати дарёфти даъватнома дар баҳсҳои додгоҳӣ ширкат кунад, шарҳ дод вакили сиёсатмадор Руслан Чорнолутский.

Вакили дифоъ гуфт, тасмими тамдид накардани маҳдудиятҳо нисбати Саакашвилӣ шубҳаовар аст. Ба гуфтаи вай, мақомот мумкин аст, барои ихроҷи Саакашвилӣ аз Украина ба Гурҷистон заминасозӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG