Ссылки доступа

"Террористи Порис" гуфт, дар мурофиаҳояш иштирок намекунад


Салоҳ Абдусалом, гумонбари асосии ҳамлаҳои террористии шаҳри Порис дар моҳи ноябри соли 2015, ки 130 кушта бар ҷой гузоштанд, гуфтааст, дар рафти баррасии парвандааш иштирок намекунад.

Мурофиаи нахустини Абдусалом 5 феврал бо иштироки худи ӯ дар шаҳри Брюссел оғоз шуд. Гумонбар гуфт, додгоҳ ба мусулмонон ғараз дорад ва аз посух ба пурсишҳои додрас худдорӣ кард.

Мурофиаи навбатӣ 8 феврал баргузор мешавад. Абдусалом гуфт, дар он иштирок намекунад ва намояндаи додгоҳ мегӯяд, ин ҳаққи гумонбар аст.

Белгия Абдусаломро ба он айбдор мекунад, ки гӯиё 15 марти соли 2016 ҳангоми боздошташ ба ҷони корманди пулис қасд кардааст. Додситон барои вай ва шарикони эҳтимолияш 20 соли зиндонро талаб дорад.

Абдусалом ҳамчунин дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Завентеми Белгия дар моҳи марти соли 2016 гумонбар аст. Вале додрас гуфт, дар мурофиаҳои ҷорӣ ин айбҳо баррасӣ нахоҳанд шуд.

Салоҳ Абдусалом ягона узви зиндамондаи гуруҳи ҷиҳодиест, ки 13 ноябри соли 2015 як қатор ҳамлаҳои террористиро анҷом доданд. Ӯ баъди 4 моҳ аз ҳамлаи террористӣ ба Белгия паноҳ бурд. Вале пулис вайро 15 марти соли 2016 дар Брюссел боздошт ва ба Фаронса истирдод кард.

XS
SM
MD
LG