Ссылки доступа

Созмондиҳандаи "тазоҳуроти замин"-ро дар Қазоқистон ба зиндони низомаш сахт интиқол доданд


Макса Бокаева перевели на полгода в колонии на строгий режим. Чем это ему грозит?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ фаъоли маданӣ Макс Бокаевро, ки дар зиндон асту то озод шуданаш ним сол мондааст, ба маҳбаси низомаш сахт интиқол додаанд. Вакилони дифоъ мегӯянд, мақомот мехоҳанд, ин "маҳбуси сиёсӣ"-ро то ҳадди имкон аз ҷомеа дур нигаҳ доранд.

Фаъолони маданӣ Талгат Аян ва Макс Бокаев охирҳои соли 2016 барои ташкили "тазоҳуроти замин" дар Атирау ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон 5-солӣ зиндонӣ шуданд. Онҳо расман ба "ангехтани адовати миллӣ", "паҳни иттилои дурӯғ" ва "ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ" айбдор гаштанд. Эътирозгарон талаб доштанд, Кодекси нави замини Қазоқистон, ки фурӯш ва иҷораи заминҳои кишоварзиро ба хориҷиён иҷозат медиҳанд, тағйир дода шавад.

Бокаев дар маҳбаси вилояти Қазоқистони Шимолӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ахиран вакилони дифоаш огаҳ шуданд, ки низоми нигаҳдории ӯро сахт кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки робитаи фаъоли мадании қазоқ бо ҷаҳони берунӣ, аз ҷумла вохӯриҳояш бо вакили дифоъ маҳдуд мешаванд. Вай ҳаққи тамосу мукотибаро ҳам надорад.

Вакилони дифои Бокаев ҳоло тасмим гирифтаанд, аз тағйири шароити нигаҳдории шахси зери ҳимояашон ба додгоҳ шикоят баранд.

Казахстан: праздничные задержания из-за Земельного кодекса
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:47 0:00

"Бьют других людей". Жена Ильдара Дадина о "пыточной" колонии в Карелии
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:28 0:00

XS
SM
MD
LG