Ссылки доступа

Шаҳрдори Бишкек: муҷрӣ нестам, ҳар рӯз дар ТВ баромад кунам


Албек Ибраимов

Шаҳрдори Бишкек Албек Иброҳимов дар пайи дархости вакилони маҳаллӣ шарҳ дод, ки чаро дар вазъияти буҳронӣ, баъд аз садама дар Маркази гармидиҳии пойтахти Қирғизистон дар мазҳари ом зоҳир нашуд.

Иброҳимов гуфт, "муҷрӣ нестам, ки ҳар рӯз дар телевизион баромад кунам. Дар натиҷаи садама сардӣ дар 2 ҳазору 162 манзили зист, ки 85%-и сокинони Бишкекро ташкил медиҳанд, эҳсос мешуд".

Ба гуфтаи шаҳрдор, ҳавои то 26 дараҷа сарди шабона имкон намедод, то ҳарорати ҳаворо дар хонаҳо дар сатҳи зарурӣ нигаҳ доранд.

"Дар 208 маҳалла нирӯи барқ қатъ шуд. 108 тои онҳоро сари вақт бо барқ таъмин кардем. Дар манзилҳои куҳна хатҳои интиқоли барқ оташ гирифтанд ва оби рӯдхонаи Ала-Арча низ ду бор баланд шуда, аз соҳил хориҷ шуд. Бозори Ӯш оташ гирифт. Дар ҳама ҷой кормандони шаҳрдорӣ ҳузур доштанд. Тамоми муроҷиатҳое, ки ба таври хаттӣ ба вакилон шудааст, нишон диҳед. Ба мардум истинод кардану масъаларо сиёсӣ кардан дуруст нест. Омодаам, ба ҳамаи пурсишҳо посух гӯям", - изҳор дошт шаҳрдори Бишкек.

Дар ҷаласаи маҷлиси шаҳрии Бишкек 6 феврал пешниҳод шуд, ки вазъи сокинон дар рӯзҳои сардӣ дертар баррасӣ шавад. Вале бештари вакилон зид баромада, онро ба рӯйхати мавзуъҳои баррасишаванда ворид карданд. Ба гуфтаи бархе аз вакилон, сокинони Бишкек аз кори кормандони мақомоти маҳаллӣ, бахусус дар рӯзҳои сардии ахир норозӣ ҳастанд.

Дар Маркази гармидиҳии Бишкек 26 январ садама рух дода, дар натиҷа аксари манзилҳои зист ва муассисаҳои давлатӣ бе гармӣ монданд. Он рӯзҳо ҳаво дар Бишкек ба таври бесобиқа сард буда, ҳарорати он шабона то ба 28 дараҷа поин мерафт. Манзилҳои бишкекиҳо танҳо 30 январ бо гармӣ таъмин шуданд.

XS
SM
MD
LG