Ссылки доступа

Аз ҳайкалтароши бритониёӣ хостанд, ҳайкали Ислом Каримовро насозад


Муҳоҷирони сиёсии ӯзбек ба ҳайкалтароши бритониёӣ Пол Дэй мактуб навишта, аз вай хостанд, аз сохтани ҳайкали президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов худдорӣ кунад.

Муаллифони мактуб навиштаанд, ки агар ҳайкалтарош даъвати онҳоро нодида бигирад, дар он сурат ҷоизаҳои дарёфткардаи ӯро зери суол хоҳанд гузошт.

Мактуби саркушодаи муҳоҷирони сиёсии ӯзбек зери унвони "Агар Пол Дэй барои диктатори ӯзбек ҳайкал созад, хуни қурбониёни Каримов барои абад ҳунари ӯро доғдор мекунад" дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуд.

Муаллифон Ислом Каримовро дар куштори эътирозгарони Андиҷон дар соли 2005, истифода аз меҳнати кӯдакон дар саҳроҳои пахта ва шиканҷаи зиндониён айбдор мекунанд.

Моҳи майи соли гузашта духтари хурдии Ислом Каримов Лола Каримова-Тиллоева хабар дод, ки ҳайкали падарашро ҳайкалтароши бритониёӣ Пол Дэй месозад. Ин ҳайкал бояд дар як гулгаште дар маркази шаҳри Москваи Русия қомат афрозад. Вале вакилони маҳаллии Москва эълон карданд, ки гузоштани ҳайкали Каримовро намехоҳанд.

XS
SM
MD
LG