Ссылки доступа

Тафтиши телефонҳо ва бакорати хонандагони мактабҳои Туркманистон


Дар мактабҳои шаҳри Дашоғузи ва чанд ноҳияи дигар Туркманистон телефонҳои хонандагон бо ҳадафи пайдо кардани навор ва аксҳои фаҳшо тафтиш мешавад. Дар ҳамин ҳол, духтаронро ба ташхиси духтури занона мефиристанд.

Ҳафтаи гузашта дар вилояти шимолии Туркманистон намояндагони бахши маориф, амният, пулис ва табибон бе огоҳӣ вориди синфхонаҳо шуда, телефонҳои мобилии хонандагони синфҳои болоиро мусодира карданд. Баъдтар мақомот хабар доданд, ки муҳтавои дохили телефонҳо санҷида мешавад.

Ин тафтиш бо роҳбарияти бахши маорифи вилоят сурат гирифтааст.

Як хонандаи мактаб мегӯяд, тақрибан дар телефонҳои ҳамаи хонандагон навор ва аксҳои шаҳвонӣ пайдо шудааст.

Ба гуфтаи вай, мақомот баъдтар дар ҳузури волидон бо хонандагон суҳбат кардаанд.

"Духтарони синфҳои болоиро низ қатор монда, дар нуқтаи тиббии мактаб ташхис карданд. Он духтароне, ки аллакай бакораташонро аз даст дода буданд, модаронашонро даъват карда, дар назди хонандагони дигар беобрӯ карданд. Баъди ин санҷиш мудири мактабро барканор карданд", - мегӯяд як хонандаи дигар.

Мақомоти Дашоғуз мегӯянд, ахиран шумори фоҳишаҳо аз ҳисоби хонандагони мактаб бештар шудааст. "Тафтиш бо ҳадафи мубориза зидди ин падида анҷом шуд", - гуфт як корманди мақомоти Дашоғуз.

XS
SM
MD
LG