Ссылки доступа

Дар Туркманистон баъди гароншавии бензин маҳсулоти ширӣ низ 100% боло рафт


Дар Туркманистон баъди болоравии арзиши бензин қимати маҳсулоти ширӣ низ 100 дарсад боло рафт. Ба гуфтаи сокинон, ин болоравӣ дар тамоми мағозаҳои шаҳри Ишқобод мушоҳида мешавад.

"Як зарфи нимлитрии дӯғоб пештар 1.3 манат буд, ҳоло 3.5 манат фурӯхта мешавад. Қаймоқ ҳам гарон шуд. Як қуттии маъмулии қаймоқ пештар 3 манат буд, ҳоло 4.5-5 манат шудааст", - мегӯяд як сокини Ишқобод.

Ба гуфтаи ин сокин, фурӯшандаҳо боло рафтани маҳсулоти шириро ба гароншавии хизматрасонии ҳамлу нақл рабт медиҳанд. Зеро бештари маҳсулоти ширӣ аз минтақаҳо ба шаҳр оварда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди 50 дарсад гарон шудани арзиши бензин, ба ҳисоби миёна дар Туркманистон қимати орду гӯшт ва обҳои ошомиданӣ дар мағозаҳо то 70 дарсад боло рафт.

Сар аз 1 феврал дар он кишвар арзиши як литр сӯзишворӣ аз 1 то 1.5 манат гарон шуд.

XS
SM
MD
LG