Ссылки доступа

Дар Қазоқистон идеяи таъсиси ҳукумати шоҳӣ дигарбора сари забонҳо шуд


Шоири ҷавони қазоқ Балтабек Нургалиев дар мусоҳиба бо чанд расонаи маҳаллии қазоқӣ пешниҳод кард, ки "кишварро бояд танҳо хонавода ё оли Назарбоевҳо роҳбарӣ кунад". Вай ягона нафаре нест, ки идеяи таъсиси ҳукумати шоҳиро дар Қазоқистон пешниҳод мекунад.

Нургалиев чанд рӯз пеш дар саҳифаи Фейсбук аз таъсиси ҳукумати шоҳӣ дар кишвараш ҷонибдорӣ карда буд. Вай дар мусоҳиба бо расонаҳо шарҳ дод, ки танҳо шоҳигарӣ метавонад кафолати идеяи "Мардуми ҷовид" бошад. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон чанд сол пеш идеяи "Мардуми ҷовид"-ро пешниҳод карда буд, вале баъдтар ин идея фаромӯш шуд. Нургалиев дар тақвияти идеяаш меафзояд, вориси тоҷу тахт аз синни хурдӣ дар руҳияе тарбият мешавад, ки дар оянда тавонад субот, амният, устувориро таъмин карда, кишварро аз табаддулотҳои сиёсӣ наҷот диҳад.

Ин дар ҳолест, ки соли 2006 Роҳат Алиев - он замон домоди Назарбоев, низ гуфта буд, "маҳз шоҳ метавонад кафили суботи мудовим бошад - чизе ки президентҳо наметавонанд онро таъмин кунанд".

Моҳи апрели соли 2015 Нурсултон Назарбоев барои як давраи дигар президент интихоб шуд. Назарбоеви 77-сола аз соли 1989 ин кишварро роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG