Ссылки доступа

Қатли духтарчаи 5-солае дар Фарғона, ки волидонаш дар муҳоҷират ҳастанд


Ин фоҷиа дар ноҳияи Алтиариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон рӯзи 5 феврал рух дод. Баъди он ки аз наздикони духтарак касе ӯро аз боғча нагирифт, мураббӣ ӯро ҳамроҳ бо кӯдакони дигар ба манзилашон фиристод.

Шаби ҳамон рӯз ҷасади кӯдак каме дуртар аз боғча пайдо шуд. Як одам бо гумони куштор боздошт шудааст.

Ба гуфтаи наздикони духтарак, як қабурғаи вай шикаста ва чанд ҷои баданаш захм дорад. Имрӯз - 7 феврал ӯро дафн карданд.

Як мураббии боғча мегӯяд, волидони кӯдаки кушташуда ба Туркия муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва ӯро модаркалонаш тарбият мекард.

Мураббӣ мегӯяд, баъди он ки кӯдакон аз боғча баромаданд, марде савори дучарха ба онҳо ваъдаи харидани қандро медиҳад. Бо ин ваъда мард кӯдаки кушташударо бо худ мебарад.

Додситонӣ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Марди савори дучарха боздошт ва бозпурсӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, дар бадани кӯдак осори таҷовуз дида намешавад, ҳамчунин аъзои дарунии вай низ даст нахӯрдаанд. Муфаттишон фарзияи зери қатора мондани ӯро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG