Ба гуфтаи ин манбаъ, бо ин вуҷуд ҳудуди 180 ҳазор нафар муҳоҷири тоҷик ҳамчунон аз ҳаққи вуруд ва кор дар Русия маҳрум мебошанд.
Сумангул Тағойзода афзуд, ки афви муҳоҷирони кории тоҷик дар пайи тавофуқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст. Ин мақоми тоҷик ҳамчунин хабар дод, ки ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирони ба истилоҳ "депортшуда" иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст.
Ба иттилои ин вазоратхона, соли гузашта ҳудуди 487 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, ки нисбати як соли шаш дарсад камтар будааст.