Ссылки доступа

Дар Петербург ҷасади қирғизистонии 11-соларо пайдо карданд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷасади як шаҳрванди 11-солаи Қирғизистонро пайдо карданд. Дар ин бора намояндагии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Русия иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, 26 январ шаҳрванди 42-солаи Қирғизистон ба пулис муроҷиат карда, гуфтааст, писари ӯ, ки ҳамроҳи модараш дар Русия буд, бедарак шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург бо банди "Куштор" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ҷасади навраси қирғизро 6 феврал дар наздикии истгоҳи метрои «Купчино» пайдо карданд. Тавре маълум гашт, ӯ дар натиҷаи нафасгирӣ ҷон додааст. Бо гумони даст доштан дар ин куштор модари кӯдак ва домодаш дастгир шуда, санҷиш идома дорад.

Дар шаҳри Петербург 9 феврали соли 2004 миллатгароён як духтарчаи 9-солаи тоҷикистониро дар пеши чашмони падараш кушта буданд.

XS
SM
MD
LG