Ссылки доступа

"Мардҳо бояд куртаи гулдӯзӣ пӯшанд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вакилони Қазоқистон қонун дар бораи уҳдадориҳои нави Шӯрои амниятро шарҳ намедиҳанд (видеои Настоящее время)

- "Мардҳо бояд куртаи гулдӯзӣ пӯшанд". Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин навбат машварату тавсияҳои онҳо либоси мардонаро ҳам дар бар хоҳад гирифт (видео)

- Номаи Зӯҳро аз Ироқ. Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст. Акнун ӯ ҳар рӯзашро дар интизори як хабари хуш ва ё номаи дигаре шом мекунад. Пас аз 7 моҳи бехабарӣ, аз сарнавишти фарзанду набераҳо, рӯзи 16-уми январи имсол Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе аз Бағдод пайғом овард (видео)

- Акнун 30-солаҳо дар Тоҷикистон метавонанд президент шаванд. Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентиро тасвиб карданд, ки бар асоси он синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз 35 ба 30-солагӣ поин оварда шуд (видео)

- Табибони Хатлон ба дармондаҳо: "Томография надорем, ба Душанбе равед". Набуди “томография”-и компютерӣ дар бемористонҳои водии Вахши вилояти Хатлон мушкили муоинаи сокинонро боз ҳам сангинтар кардааст (видео)

- Даҳҳо аломати роҳро дар минтақаи Кӯлоб рабудаанд. Даҳҳо аломати роҳ, ки самти ҳаракати мошину мардумро мушаххас мекард, дар минтақаи Кӯлоб рабуда шуда, ронандаҳову сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Ҳоло дар баъзе аз роҳҳои пурҳаракати минтақаи Кӯлоб нишоне аз аломат нест. Мебояд аз ҳар роҳгузар бипурсед, ки куҷо бигардадед ва ба кадом тараф (видео)

- Рубоҳе, ки ба тамошои телевизор меояд. Рубоҳе ба манзили сокини деҳаи Додомли Қирғизистон меояд ва телевизор тамошо мекунад (видео)

- Аз барномаи кайҳонии Украина чӣ чиз боқӣ мондааст? (видеои Настоящее время)

- Собчак дар бораи Қрим: Мо дар ҳақиқат созишномаи байналхалқиро поймол кардем (видео аз Директ)

- SpaceX мошини электронии Tesla-ро бо ронанда-лухтак ба кайҳон фиристод (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG