Ссылки доступа

Маошхӯрони буҷавии Дашоғуз иҷборан лампаҳои каммасраф мехаранд


Кормандони ниҳодҳои давлатии вилояти Дашоғузи Туркманистонро вазифадор карданд, ки лампаҳои каммасрафи истеҳсоли ватанӣ харидорӣ кунанд.

Ба гуфтаи як манбаъ аз Дашоғуз, кормандони буҷавиро огоҳ кардаанд, ки ҳар кадом коргар вобаста ба каму зиёд будани маошаш аз 5 то 10 лампаи каммасраф харидорӣ кунад. Мақомот мегӯянд, бо ин роҳ мехоҳанд аз масрафи барқ сарфаҷӯӣ кунанд.

Ахиран масъалаи таъмини барқ таваҷҷуҳи президенти он кишварро ҷалб кард. Ноиб-сарвазир дар бахши сохтмон Дедебой Амангелдиев танбеҳ гирифт ва вазифадор шуд, ки ҳамаи неругоҳҳоро тафтиш ва камбудиҳоро бартараф кунад.

Сокинон мегӯянд, арзиши лампаҳои каммасраф дар Туркманистон ба ҳисоби миёна аз 4 то 7,30 доллари ИМА аст.

XS
SM
MD
LG