Ссылки доступа

Акнун 30-солаҳо дар Тоҷикистон метавонанд президент шаванд (видео)


Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентиро тасвиб карданд, ки бар асоси он синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз 35 ба 30-солагӣ поин оварда шуд.

Инчунин, маблағгузорӣ аз тарафи кишвар ва афроди хориҷӣ ба номзади интихоботи президентии Тоҷикистон манъ гардид. Акнун ин қонун барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон, фиристода мешавад.

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо баъди ислоҳот ба Қонуни асосӣ,ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Пойин овардани синни номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду сол пеш ин амр бо ислоҳи Қонуни асосӣ имконпазир шудааст. Дар тарҳи ислоҳи Қонуни асосӣ, ки бар асоси референдум дар таърихи 22 майи соли 2016 сурат гирифт, зикр шудааст: " Шахсе ба номзадии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад."

Ҳоло, ки масъалаи то 30-солагӣ поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пеш омадааст, бисёриҳо тахмин мезананд, ки шояд ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот - ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон барои нишастан ба ин курсист. Рустами Эмомалӣ декабри соли 2017 - 30-сола шуд ва то интихоботи ояндаи президентӣ 33-сола хоҳад шуд. Соле пеш Рустами Эмомалӣ баъди собиқаи чандинсолаи раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъин гардид.

XS
SM
MD
LG