Ссылки доступа

Номаи ҳамсари як ҷангҷӯи тоҷик аз зиндони Ироқ ба модараш (видео)


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх як модари тоҷикро ба дидори духтар ва 4 наберааш умедвор кардааст, ки дар яке аз урдугоҳҳои Ироқ қарор доранд. Кормандони кумита 16 январи соли равон ба Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе аз Бағдод паёми кутоҳи духтарашро овардаанд.

Камолова мегӯяд, бори охир бо духтараш тобистони соли гузашта, ҳангоми фирори онҳо аз Мавсил суҳбати телефонӣ дошт. “Замони аз маҳалли ҷанг берун шудан 5 ё 6-моҳа ҳомила буд. Гуфт, роҳ гаштан ва давидан душвор аст. Гуфт, дар куҳҳо пои луч мегардем, азоб мекашем. Баъди ҳамин дигар тамосамон қатъ шуд”, - афзуд ӯ.

Зӯҳро соли 2014 ҳамроҳи чаҳор фарзандаш бо даъвати шавҳари худ Суннат Шокиров, ки гӯё дар Туркия кор мекард, ба ин кишвар ва баъдан ба Ироқ рафт. Ба гуфтаи Камолова, сипас маълум шудааст, ки домоди ӯ ба ҷонибдорӣ аз гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) меҷангад.

Баъди як соли рафтани духтар, писари ягона ва 30-солаи ин модар Баҳодур Хоҷаев ҳам ба кишвари ҷангзада рафтаву бенишон шуд. Модараш мегӯяд, хабари марги писарашро дарёфт кардааст.

Мақомот соли 2016 нисбат ба домод, писар ва духтари ин хонавода бо ҷурми “зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги кишварҳои хориҷӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва онҳо таҳти пайгард қарор доранд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, дипломатҳои тоҷик барои баргардонидани занону кӯдакон аз Ироқ бо ҳукумати ин кишвар дар тамос ҳастанд.

“Қароргоҳи сафири Ироқ дар Тоҷикистон дар Остона ҳаст. Барои ҳамин мо барои баргардонидани занону кӯдакон бо онҳо ҳамкориро оғоз кардаем,” - гуфтанд дар вазорат.

Ҳанӯз шумораи дақиқи афроде, ки дар паноҳгоҳ ё дар зиндонҳои Ироқу Сурия қарор доранд, маълум нест. Сентябри соли 2017 Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон гуфт, дар миёни садҳо зану кӯдаки аъзои ДИ дар як паноҳгоҳи Мавсил 31 хонаводаи тоҷикро дидаанд.

XS
SM
MD
LG