Ссылки доступа

Боғчаи Остонаро баъд аз заҳролудшавии кӯдакон месанҷанд


Дар яке аз боғчаҳои шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон 7 кӯдаку як мураббӣ ва доя аз маводи ғизоӣ заҳролуд шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Мудири маорифи шаҳр Ануар Жангозин гуфт, дар ҳоли ҳозир, чанд таълимгирандаи дигари боғча дар хонаҳояшон табобат мешаванд.

Расонаҳои маҳаллӣ 7 феврал хабар доданд, ки дар яке аз боғчаҳои Остона дасти кам 10 кӯдак ва мураббии онҳо ба бемории номаълуме гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи волидони яке аз кӯдакҳо, фарзанди онҳо қай мекарду таб дошт ва хулосаи ташхиси табибон ҳам гуногун буд.

"7 феврал як гуруҳи волидон шикоят карданд, ки фарзандонашон дар боғчаи №36 аз маводи ғизоӣ заҳролуд шуданд. Феълан, 9 кас - 7 кӯдак ва ду калонсол (мураббӣ ва доя) дар беморхона бистарӣ шудаанд. Кӯдакони дигар дар хонаҳои худ табобат мегиранд", - афзуд Жангозин.

Мудири маорифи Остона афзуд, ки барои муайян кардани сабабҳои заҳролудшавии кӯдакон як комисияи махсус ташкил шуда, бахши ғизоии боғчаро месанҷанд.

XS
SM
MD
LG