Ссылки доступа

Ноиб-президенти ИМА аз таҳримҳои "ҷиддӣ"-и зидди Куриёи Шимолӣ хабар дод


Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА гуфт, ки кишвараш "аз ҷиддитарин ва хушунатбортарин" таҳримҳои иқтисодӣ зидди Куриёи Шимолӣ дар рӯзҳои наздик хабар медиҳад.

Пенс, ки ҳайати амрикоиро дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонии олимпӣ дар Пхёнчхан роҳбарӣ мекунад, баъди мулоқот бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ин изҳоротро расонаӣ кард.

"ИМА дар фурсатҳои наздик дар бораи эълони таҳримҳои ҷиддӣ ва хушунатбори иқтисодӣ зидди Куриёи Шимолӣ хабар хоҳад дод ва мо таҳрим ва инзивои Куриёи Шимолиро то замоне идома медиҳем, ки ин кишвар барномаи ҳастаӣ ва мушакиашро қатъ накунад", - гуфт Пенс.

Намояндагони расмии ИМА хабар медиҳанд, ки таҳримҳои нав то анҷоми бозиҳои Олимпӣ дар моҳи ҷорӣ эълон хоҳанд шуд. Пенс имрӯз бояд бо президенти Куриёи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин мулоқот кунад. Намояндаи ИМА ҳамчунин эҳтимол меравад, бо намояндагони расмии Куриёи Шимолӣ дар Олимпиада мулоқот кунад. Пенс гуфт, паёми аслии вай он хоҳад буд, ки Куриёи Шимолӣ бояд аз барномаи ҳастӣ ва мушакиаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG