Ссылки доступа

Табибони Хатлон ба дармондаҳо: "Томография надорем, ба Душанбе равед" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 7-уми феврали 2018 (HD)

- "Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам". Таҷрибаи истифодаи Viber ва WhatsApp аз сӯи мақомот. Раҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳӣ яке пайи дигаре паёмрасонҳои Viber ва WhatsApp-ро фаъол мекунанд, то сокинон дархосту шикоят ва аризаҳои худро ба ин ниҳод фиристанд. Аммо онҳое, ки таҷрибаи муроҷиат аз тариқи паёмрасонҳои мансабдоронро доранд, ин иқдомро ба масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам” ташбеҳ медиҳанд. (видео)

- "Мардҳо бояд куртаи гулдӯзӣ пӯшанд". Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин навбат машварату тавсияҳои онҳо либоси мардонаро ҳам дар бар хоҳад гирифт (видео)

- Номаи Зӯҳро аз Ироқ. Як номаи кӯтоҳ аз Салиби Сурх модареро ба дидори духтар ва 4 наберааш, ки дар урдугоҳе дар Ироқ қарор доранд, умедвор кардааст. Акнун ӯ ҳар рӯзашро дар интизори як хабари хуш ва ё номаи дигаре шом мекунад. Пас аз 7 моҳи бехабарӣ, аз сарнавишти фарзанду набераҳо, рӯзи 16-уми январи имсол Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе аз Бағдод пайғом овард (видео)

- Акнун 30-солаҳо дар Тоҷикистон метавонанд президент шаванд. Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи интихоботи президентиро тасвиб карданд, ки бар асоси он синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз 35 ба 30-солагӣ поин оварда шуд (видео)

- Табибони Хатлон ба дармондаҳо: "Томография надорем, ба Душанбе равед". Набуди “томография”-и компютерӣ дар бемористонҳои водии Вахши вилояти Хатлон мушкили муоинаи сокинонро боз ҳам сангинтар кардааст (видео)

- Даҳҳо аломати роҳро дар минтақаи Кӯлоб рабудаанд. Даҳҳо аломати роҳ, ки самти ҳаракати мошину мардумро мушаххас мекард, дар минтақаи Кӯлоб рабуда шуда, ронандаҳову сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Ҳоло дар баъзе аз роҳҳои пурҳаракати минтақаи Кӯлоб нишоне аз аломат нест. Мебояд аз ҳар роҳгузар бипурсед, ки куҷо бигардадед ва ба кадом тараф (видео)

- «Мехоҳем, бо пойҳои худ ба мактаб равем» - орзуи писарбачаҳои маъюб. Бародарон аз Қирғизистон Иззат ва Кубаничбек орзу доранд, дар долонҳои мактаб бидаванду ҳамроҳи ҳамсабақонашон футбол бозӣ кунанд. Вале беморие пойҳои онҳоро фалаҷ кардааст. Барои дармон волидонашон пул надоранд. (видео)

- Мусулмоне бо таъмири маъбади ҳиндуҳо сазовори эҳтиром шудааст. (видео)

- Синни номзад ба президентӣ дар Тоҷикистонро тағйир доданд: писари Раҳмон метавонад номзадияшро пешниҳод кунад. (видеои Настоящее время)

- Вакилони Қазоқистон қонун дар бораи уҳдадориҳои нави Шӯрои амниятро шарҳ намедиҳанд (видеои Настоящее время)

- "Меовехтанд, мезаданд ва саратро дар унитаз меандохтанд". Илдар Дадин дар бораи шиканҷаҳо дар маҳбас. Илдар Дадинро дар саросари Русия вақте шинохтанд, ки гуфт, дар маҳбас шиканҷа вуҷуд дорад. Додгоҳи олии Русия ҳукми Дадинро бекор ва ӯро аз зиндон озод кард. (видео аз Директ).

- Оё қримиҳо мехоҳанд, барои Русия хидмат кунанд? Соли равон Русия аз Қрим 2,5 ҳазор мардро барои хидмат ба артишаш даъват кардааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ амали Русияро ҷинояти ҳарбӣ меноманд. Зеро бар пояи қонунҳои байналмилалӣ, мақомоти ишғолгар ҳаққи ин корро надоранд. (видео)

- Поккории ҳайвонӣ: дар Русия дар арафаи чемпионати ҷаҳон оид ба футбол сагҳои бесаробонро маҳв мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Дав бо мӯзаи намадӣ дар Минск. Дар пойтахти Белорус дави ғайриоддӣ баргузор шуд. Иштирокдорон бо мӯзаи намадӣ як километр давиданд. Онро мешавад дави хайриявӣ номид. Зеро ҳадафи дав кумак ба кӯдакони маъюб аст. (нигористон)

- Ҷадвал: истироҳати ҳафтаинаи додситонии кулли Украина €50 ҳазорро ташкил медиҳад. (видеои Настоящее время)

- Рубоҳе, ки ба тамошои телевизор меояд. Рубоҳе ба манзили сокини деҳаи Додомли Қирғизистон меояд ва телевизор тамошо мекунад (видео)

- SpaceX мошини электронии Tesla-ро бо ронанда-лухтак ба кайҳон фиристод(видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG