Ссылки доступа

Ҷеенбеков: муборизаи додситонии кулли Қирғизистон бо коррупсия корсоз нест


Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, додситонии кулли кишвараш ҳамоҳангсози миллии мубориза бо коррупсия аст, вале уҳдадориҳои худро босамар иҷро намекунад.

"Роҷеъ ба масъалаи ҳушдор аз коррупсия то ҳол ҳамкориҳо дида намешаванд. Баъзе аз зиддиятҳои дохилӣ ҳам ҳастанд. Ба ҷои манфиати давлат танҳо манофеи ниҳод ҳимоят мешавад. Санҷишҳои ғайриқонуниву беасос зиёданд. Аз болои ниҳодҳои назоратӣ ба мо бисёриҳо шикоят доранд. Назорати фаъолияти мақомот ва пешгирӣ аз ин гуна ҳолатҳо ба зиммаи додситонӣ аст. Вале онро иҷро намекунад. Баръакс, додситонӣ худаш ҳам санҷишҳои зиёд мегузаронад", - афзуд президенти Қирғизистон.

Ҷеенбеков мегӯяд, додситонии кулли Қирғизистон соли 2016 8 ҳазору 877 санҷиш гузаронда, дар робита ба 8%-и онҳо парванда боз кардааст. "Танҳо 50%-и ин парвандаҳо ба додгоҳ ирсол шуда, дар доираи 1,6%-и санҷишҳо айбнома эълом шудааст", - изҳори нигаронӣ кард ӯ.

Дар қароргоҳи "Ала-Арча"-и Қирғизистон бо раҳбарии президент Ҷеенбеков ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар идома дорад. Дар он масъалаи мубориза бо коррупсия дар мақомоти додгоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои назоратии Қирғизистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG