Ссылки доступа

Ҳамлаи лафзии Мирзиёев ба мақомоти махсуси кишвараш


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо лафзи хашин Хадамоти амнияти миллӣ ва бархе аз роҳбарони онро айбдор кард. Дар ин бора сабти садои ҷаласае шаҳодат медиҳад, ки 19 январ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.

Суханронии Мирзиёев, ба вижа, ҳарфҳояш нисбати Хадамоти амнияти миллӣ то кунун расонаӣ нашуда буданд.

Дар ин сабт президенти Ӯзбекистон аз фаъолияти чандинсолаи Хадамоти амният бо лафзи хашин ёдоварӣ мекунад. Вай мегӯяд, Хадамот қудрати мутлақро дар кишвар, ба вижа дар вилояти Сурхандарё аз даст додааст.

Дар сабт Мирзиёев номи муовини ҳамакнун пешини Хадамоти амнияти кишвараш Шуҳрат Ғуломовро зикр мекунад.

Вай Ғуломовро "нопок" меномад ва ӯро айбдор мекунад, ки "роҳбари порахӯрон аст".

Мирзиёев моҳи июли соли 2017 дастур дод, ки рутбаи генералии Ғуломов бекор ва нисбати вай парванда кушода шавад. Ба гуфтаи манобеъ, Ғуломов ҳоло дар маҳбас бозпурсӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG