Ссылки доступа

Баҳси Тоҷикистону Қирғизистон бар сари як пул


Ҷониби Тоҷикистон розӣ шудааст, ки барои равуои мактаббачаҳои қирғиз дар деҳаи Садаи ноҳияи Лайлак, 5-километрии Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як пули нуҳметрӣ сохта шавад.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созиш баъди музокира бо ҳайати Қирғизистон ба раҳбарии муовини раиси вилояти Бодканд ҳосил шудааст.

Назирӣ гуфт, мактаббачаҳои қирғиз барои онки ба дарс бираванд, бояд ду километр роҳро тай кунанд. Ҳоло тасмим шудааст, дар наздикии мактаб болои наҳре, ки аз марзи ду кишвар мегузарад, пули нуҳметрӣ сохта шавад ва аз он ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо истифода кунанд.

“Ин минтақа шартан ҳудуди Қирғизистон номида мешавад. Ҳафт гектар масоҳат дорад. Аммо баҳсӣ аст, ҳанӯз мушаххас нашудааст. Мо ёрӣ мекунем, ки як пул сохта шавад ва равуо осон гардад. Ҳузури сарҳадбонҳо дар онҷо зарур нест”, - шарҳ дод раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ин созиш баъди он ҳосил шуд, ки субҳи 8 феврал ҷониби Қирғизистон талош кард аз болои наҳрчаи маҳаллӣ як пули худсохт (контейнерный мост) созад. Ин ҳодиса субҳи панҷшанбе нигаронии марзбонҳои тоҷикро ба бор овард. Зарифӣ гуфт, “ҳозир шудани мақомоти сарҳадбонӣ ба маҳалли баҳсӣ боиси сар задани овозаҳо миёни сокинон дар бораи муноқиша гаштааст”.

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон 8 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ вазъ дар сарҳадро муътадил арзёбӣ кард, вале гуфт, Тоҷикистон ду гузаргоҳи марзиро баста, нирӯҳояшро дар наздикии деҳаи Сада афзоиш дод. Вай гуфт, ки дар паи ин ҳодиса дар марз миёни намояндагони мақомоти ду кишвар музокирот барпо шуд, то ки аз ихтилофҳои эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд. Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG