Ссылки доступа

Собчак барои дахолати Русия дар интихоботи ИМА узр пурсид


Номзад ба мақоми президентии Русия Ксения Собчак 8 феврал аз ИМА барои дахолати Кремл дар интихоботи президентии ин кишвар дар соли 2016 узр пурсид.

Вай дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфт, агар дар ҳақиқат, рахнагарони рус ба интихоботи президентии ИМА таъсир расонда бошанд, "ин бисёр таассуфовар аст". Собчак ҳамчунин даъват кард, ки Русияро дар инзиво нагузоранд ва ба он имконият диҳанд, то дар равандҳои байналмилалӣ иштирок кунад.

Интихоботи президентии Русия 18 марти соли равон баргузор мешавад. Собчак дар он аз ҳисоби Ҳизби "Ташаббуси шаҳрвандӣ" ширкат меварзад. Расонаҳо борҳо ӯро ба ҳамкорӣ бо маъмурияти президенти Русия айбдор карданд. Вале шореҳи рус ин иддаоро рад карда, худро номзади "зидди ҳама" меномад.

Ба ҷуз аз Собчак, Сергей Бабурин аз "Иттиҳоди умумимардумии Русия", Павел Грудинин аз Ҳизби коммунист, Владимир Жириновский аз Ҳизби либерал-демократӣ, Максим Сурайкин аз "Коммунистҳои Русия", Борис Титов аз "Партия Роста", Григорий Явлинский аз "Яблоко" ва Владимир Путин ҳамчун худпешбар номзадии худро дар интихобот пешниҳод кардаанд. Мухолифи рус Алексей Навалнийро барои доштани собиқаи судӣ ба интихобот роҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG