Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон хост, мубориза бо коррупсия сахттар шавад (видео)


Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қирғизистон тамоми ниҳодҳои кишварашро, ки вазифадоранд бо коррупсия мубориза баранд, сахт танқид кард.

Ҷеенбеков гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳӣ ва назоратии Қирғизистон худ дар фасод ғӯтидаанд. Вай даъват кард, ки муборизаро бо ин зуҳурот сахттар ва сафи мақомотро аз кормандони фасодкор пок кунанд. Таҳлилгарон ваъдаи президенти Қирғизистонро барои мубориза бо коррупсия гуногун арзёбӣ мекунанд.

Ҷеенбеков фаъолияти Хадамоти мубориза бо коррупсия ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро номуассир номид. Бинобар ин, ӯ дастур дод, ки шакли корҳоро тағйир диҳанду ҳар як кормандро мувофиқи вазифаи ишғолкардааш тафтиш кунанд. Президенти Қирғизистон афзуд, санҷиши тамоми шикоятҳои ҷиддиеро, ки аз болои мақомоти додгоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ мешавад, зери назорати худ қарор хоҳад дод.

"Сабаби асосии комёб набудани муборизаҳо бо ҷиноятҳои муташаккил коррупсия аст. Бе иштироки мақомҳои баландпояи ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳӣ дар доираҳои ҷиноӣ имкон надорад, пулҳои калон чарх бизанад", - изҳор дошт Ҷеенбеков.

Бино ба иттилои расмӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон тайи ду соли ахир беш аз 76 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале ҳудуди 38 ҳазори онҳо ба далели исботи худро наёфтан қатъ ё баста шудаанд. Танҳо 30%-и ин парвандаҳо ба додгоҳ ирсол шуда, дар робита ба 10% ҳукми айбдоршавӣ содир гаштааст.

XS
SM
MD
LG