Ссылки доступа

Ӯзбекистону Қазоқистон механизми содаи эътирофи дипломҳои ҳамдигарро қабул мекунанд


Донишгоҳҳои Ӯзбекистон омодаанд, дар якҷоягӣ бо мактабҳои олии Қазоқистон мутахассис омода кунанд. Дар ин бора Ином Маҷидов, вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон баъд аз мулоқот бо сафири Қазоқистон хабар дод.

Пеш аз ҳама ба омода кардани кадрҳо дар бахшҳои кимиёи нафтӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ карда мешавад. Дар назди яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон порки техникӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ҳамчунин механизми содаи эътирофи дипломҳои ҳамдигар роҳандозӣ мегардад.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди рушди робитаҳо ба созиш расиданд. Дар ҳоли ҳозир наздики 20 муассисаи илмӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд. Дар ояндаи наздик маркази иттилоотии донишгоҳҳои ҳар ду кишвар таъсис дода мешавад.

XS
SM
MD
LG