Ссылки доступа

Сокинони Ишқобод дар назди бонкоматҳо бо монеаҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд


Кормандони муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳангоми гирифтани пули нақд аз бонкоматҳо бо мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд. Ахиран соҳибони кортҳои пластикӣ хабар ёфтанд, ки аз бонкоматҳо танҳо мешавад 200 манат гирифт.

"Ҳамаи пулҳои дохили бонкомат 10-манатӣ ҳастанд. Бонкомат дар як рӯз бештар аз 200 манат намедиҳад", - мегӯяд як сокини Ишқобод.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир барои гирифтани 1000 манат аз бонкомат сокинон пушти бонкоматҳо навбат меистанд ва гоҳо пули дохили бонкоматҳо тамом мешавад.

Дар Туркманистон сар аз чаҳор соли пеш маоши кормандонро тавассути кортҳои пластикӣ пардохт мекунанд. Ахиран нафақа, идрорпулӣ инчунин даромади деҳқононро низ тавассути кортҳо мепардозанд.

XS
SM
MD
LG