Ссылки доступа

Бонки миллӣ: қурби долларро дар ҳудуди 9 сомонӣ нигаҳ медорем


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мегӯяд, соли равон қурби доллари амрикоӣ дар ҳудуди 9 сомонӣ нигаҳ дошта мешавад. Ӯ 9 феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ 3 тонна тилло харидаанд.

Бино ба пешбиниҳои БМТ, то охири соли равон қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 12 дарсад коҳиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир, як доллари амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 8,83 сомонӣ арзиш дорад.

Нурмуҳаммадзода дар нишасти хабарӣ аз афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ пуштибонӣ кард. Вай гуфт, барои афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар чаҳор ҳазор терминалҳои нави пардохт насб мешавад. Ба гуфтаи вай, феълан миқдори онҳо 1500 адад аст.

Раиси БМТ хабар дод, ки то оғози имсол дар кишвар 17 бонк ва 84 ташкилоти қарзӣ вуҷуд доштанд. Ӯ аз фурӯши евробондҳои Тоҷикистон ба маблағи 500 миллион доллар пуштибонӣ кард ва афзуд, ки харидорон алоқаманди фурӯши ин коғазҳои қиматнок ба маблағи чаҳоруним миллиард доллар будаанд.

Дар робита ба вазъи молии ду бонки мушкилзо --"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" изҳор дошт, ки машваратҳо идома доранд ва эҳтимол аст, дар ин бонкҳо "низоми идораи берунӣ" роҳандозӣ ва раҳбарияташон иваз шавад. Ба гуфтаи вай, низоми бонкҳои Тоҷикистон тайи 2-3 соли оянда комилан солим шуда, ба фаъолияти маъмулӣ бармегардад.

XS
SM
MD
LG