Ссылки доступа

Рӯзноманигори бритониёӣ ҷарима ва аз Қрим ихроҷ шуд


Madeline Roach
Madeline Roach

Маделайн Роуч, рӯзноманигори бритониёӣ, ки мавзуҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар кишварҳои пасошӯравӣ инъикос мекард, аз сӯи додгоҳи Симферопол ҷарима шуд. Ӯро маҷбур карданд, ки ҳудуди Қрими аз сӯи Русия ғасбшударо тарк кунад, менависанд расонаҳо.

Мақомоти интизомӣ Роучро 7 феврал дар як меҳмонхонаи Симферопол боздошт карданд. Ӯро дар фаъолияти рӯзноманигории бидуни иҷозат, инчунин надоштани суғуртаи тиббӣ айбдор карданд. Баъди бозпурсӣ дар идораи пулис, нисбати Роуч бо моддаи вайрон кардани талаботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Русия айб эълон шуд.

Вакили дифоъ Андрей Семенетс, ки ӯро пулис даъват карда буд, ба Роуч машварат дод, айби эълоншударо эътироф ва ҷаримаро пардохт карда, Қримро тарк кунад. Рӯзноманигор дар додгоҳ гуфт, ки бо дастури ҳеч расонае ба Қрим наомадааст ва танҳо мехоҳад, бо қаҳрамонҳои мақолааш дар Қрим мулоқот кунад. Пулис гуфт, иттилоъ ёфтаанд, ки Роуч дар бораи хонаводаҳои тоторҳои зиндонӣ навор бардошта, тавассути интернет ирсол кардааст.

Роуч чаҳор ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 600 сомонӣ - ҷарима шуда, Қримро тарк кардааст.

Маделайн Роуч дар расонаҳои гуногун дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қрим ва таъқиби тоторҳо чандин матлаб нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG