Ссылки доступа

АМА визаро барои шаҳрвандони Қазоқистон бекор мекунад


Шаҳрвандони Қазоқистон аз 10 марти соли равон метавонанд ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба муҳлати то 30 рӯз бидуни раводид (виза) сафар кунанд. Дар ин бора сафорати АМА дар шаҳри Остона дар Твиттер хабар додааст.

"Мардуми бародари қазоқро ба муносибати ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид миёни Қазоқистон ва АМА табрик мегӯем. Онҳо метавонанд ба муҳлати то 30 рӯз дар АМА бидуни раводид ба сар баранд", - омадааст дар иттилоияи сафорати АМА дар шаҳри Остона.

Пештар вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов хабар дода буд, ки соли 2017 Қазоқистону АМА дар бораи сафари шаҳрвандони ду давлат ба кишварҳои ҳамдигар бидуни раводид ва бо ҳама гуна навъи шиносномаҳо созишномаеро имзо кардааст.

Бар пояи қарори ҳукумати Қазоқистон аз 21 январи соли 2012, шаҳрвандони АМА метавонанд ба муҳлати то 30 рӯз ба ин кишвар бидуни раводид сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG