Ссылки доступа

Ҳаракати қатор дар масири "Тошканд-Балиқчӣ" аз сар гирифта мешавад


Ширкати "Киргизтемиржолу" хабар додааст, ки аз 22 марти соли равон дар масири "Тошканд-Балиқчӣ-Тошканд" равуои қатор аз сар гирифта мешавад.

Ба огаҳии ширкат, дар ин масир қатор ҳафтае як бор - рӯзи панҷшанбе аз Тошканд ва рӯзи шанбе аз Балиқчӣ - ҳаракат хоҳад кард.

Тошканду Бишкек барои аз саргирии равуои қатор дар масири мазкур ҳанӯз соли 2016 қарордодеро имзо карда буданд, вале он замон қатор як бор ҳаракат кард. Бино ба хабарҳо, равуои қатор бо пешниҳоди ҷониби Бишкек аз сар гирифта мешавад.

Тошканду Бишкек дар ҳоли ҳозир, ҳамчунин талош доранд, равуои қаторро миёни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Ӯшу Ҷалолободи Қирғизистон низ ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG