Ссылки доступа

Боздошти муфаттише, ки парвандаи рӯзноманигори ӯзбек Абдуллоевро баррасӣ мекард


Муфаттиши калони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Нодирбек Турақулов, ки ба тафтиши парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев машғул буд, боздошт шуд. Бобомурод Абдуллоевро дар "Талоши табаддулоти давлатӣ" айбдор мекунанд.

Ба ҷуз аз Турақулов инчунин роҳбари гуруҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ Александр Веселов ҳам аз кор барканор шудааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи ӯзбек аз шаҳри Тошканд Сурат Икромов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи ӯзбек, ду афсари мақомоти махсуси ӯзбек "ба далели боздошти ғайриқонунии гумонбарон, шиканҷаи онҳо ва сохтакории парванда" нисбати рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев аз кор барканор шудаанд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхандарё аз фаъолияти кормандони Хадамоти амнияти миллӣ танқид кард.

XS
SM
MD
LG