Ссылки доступа

Додгоҳи ҳакамӣ даъвои 47 варзишкори русро рад кард


Додгоҳи ҳакамии варзишии сайёр дар шаҳри Пхёнчхан даъвои 47 варзишкори русро нисбати ҳукми Кумитаи байналхалқии олимпӣ рад кард. Варзишкорон дар робита ба манъи ширкаташон дар Бозиҳои зимистонии олимпӣ шикоят карда буданд. Бозиҳои зимистонӣ имрӯз шуруъ мешаванд.

45 варзишкор ва ду мураббӣ натавонистанд исбот кунанд, ки қарори Кумитаи байналхалқии олимпӣ табъизомез, худсарона ва нодуруст буд, омадааст дар қарори додгоҳ. Кумитаи олимпӣ аз ҳукми додгоҳи ҳакамӣ ҷонибдорӣ кард.

Ибтидои ҳафта 32 варзишкори рус, ки эҳтимолан аз допинг истифода набурдаанд, ба додгоҳи ҳакамӣ шикоят бурданд ва иҷозаи иштирок дар бозиҳоро пайдо карданд. 13 варзишкор ва 2 мураббии дигари рус, ки ҳамзамон ба додгоҳ шикоят карданд, дигарбора ҷавоби рад гирифтанд.

Кумитаи байналхалқии олимпӣ 5 декабр тими мунтахаби Русияро аз ширкат дар Бозиҳои олимпӣ-2018 дар Куриёи Ҷанубӣ маҳрум кард. Ду пажуҳише, ки қаблан анҷом шуда буд, собит кард, ки Крем истифодаи допингро дар варзиши Русия созмон додааст.

XS
SM
MD
LG