Ссылки доступа

Бонкҳои Тоҷикистон ду сол боз пасандози муштариҳоро намедиҳанд (видео)


$20 в день: два крупных банка в Таджикистане два года не отдают деньги клиентам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:48 0:00

Ду бонки Тоҷикистон давоми ду сол аст, ки наметавонанд пасандози муштариҳояшонро баргардонанд. Расман онҳо муфлис эълон нашудаанд, аммо ба муштариҳо баъди навбатпоиҳои тӯлонӣ дар рӯз ҳамагӣ 22-долларӣ бармегардонанд.

Ҳамарӯза садҳо тан муштариҳои "Тоҷиксодиротбонк" барои гирифтани пасандоз дар ҳаҷми 200 сомонӣ (наздики 22 доллар) назди бинои марказии ин бонк меоянд. Ин маблағи ниҳоиест, ки бонки мазкур метавонад дар як рӯз барои як муштарӣ бидиҳад. Муштариҳое, ки то соли 2016 маблағҳояшонро дар ин бонк пасандоз карданд. Аммо ҳамин 200 сомонӣ низ на ҳамеша аз бонкоматҳои бонк пайдо мегардад. Муштариҳо мегӯянд, ҳамарӯза чанд соатро барои навбатпоӣ сарф мекунанд.

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар буҳрони иқтисодии соли 2016 зиёни ҷиддӣ диданд. Бонки миллӣ мегӯяд, ин ду бонк "дороиҳояшонро нодуруст истифода карда, бе назардошти рискҳо ба сокинон қарз додаанд". Аммо ин ду бонк худро муфлис эълон намекунанд. Барои наҷоти онҳо ҳукумати Тоҷикистон бештар аз 3 миллиард сомонӣ (наздики 300 миллион доллар) ҷудо кард. Баъди он, муштариҳо дар моҳи январи соли 2017 тавонистанд, қисме аз пасандозашонро бигиранд.

Аммо ин маблағ барои ба таври комил баргардонидани пасандози муштариҳо кифоят накард. Баъдтар мақомот тасмим гирифтанд, амволи бонкҳоро ба фурӯш гузоранд. Ин ҳам натавонист кумак расонад: кам касе пайдо шуд, ки амволи бонкҳоро бихарад. Дар натиҷа баргардонии пасандози муштариҳо аз сӯи ин ду бонк ба сатҳи минималӣ расид.

"Ин ду бонк дар маҷмуъ 1,5 миллиард сомонӣ аз муштариҳо қарздор ҳастанд. Вале ман мехоҳам қайд кунам, ки бонкҳо имкони баргардонидани ин маблағро доранд. Бонкҳо дар ихтиёр амвол доранд. Агар онро бо нархи бозор фурӯшанд, метавонанд пасандози сокинонро баргардонанд", - мегӯяд Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар айни ҳол мақомот имконияти идораи берунии бонкҳо ва ҷараёни муфлис эълон кардани онҳоро меомӯзанд.

XS
SM
MD
LG