Ссылки доступа

Душаҳрвандии вакили боздоштшудаи қирғиз ошкор шуд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон тасдиқ кард, Дамирбек Асилбек уулу - вакили порлумони Қирғизистон, ки дар Қазоқистон боздошт шудааст - ҳамзамон шаҳрвандии Қазоқистонро дорад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба ҳамтоёни қирғизашон иттилоъ додаанд.

Бар асоси қонунгузории Қирғизистон, сокине, ки ҳамзамон шаҳрванди ду давлат аст, наметавонад вакил интихоб шавад. Муовини раиси Комисияи интихоботии Қирғизистон Абдижапар Бекматов гуфт, барои сабти ном шудан ба ҳайси номзади интихобот пешниҳоди шаҳрвандии Қирғизистон ҳатмӣ аст. "Эҳтимол, мақомоти мо дар бораи душаҳрвандии сокинон огоҳӣ надошта бошанд", - гуфт вай. Бекматов афзуд, дар сурати ошкор шудани душаҳрвандӣ мандати вакилӣ бекор карда мешавад.

Ба ҷуз ин, дар Қирғизистон пинҳон кардани шаҳрвандии кишвари дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Охири ҳафтаи гузашта дар чанде аз минтақаҳои Қазоқистон амалиёти густардаи пешгирӣ аз қочоқ роҳандозӣ шуд. Дар натиҷа 35 одам, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон боздошт гардид.

XS
SM
MD
LG