Ссылки доступа

Варзишкори рус медали Олимпиро бармегардонад


Варзишкори рус Александр Крушелнитский, ки дар хунаш изи доруҳои манъшуда пайдо гардид, медали биринҷии Олимпиро бармегардонад.

Александр Крушелнитский ва ҳамсараш Анастасия Бризгалова дар Пхёнчхан дар намуди варзиши кёрлинг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

"Мо баёнот додем, ки доруи неруафзо воқеан дар хуни вай ҳаст ва ба ин далел медалро бармегардонем", - гуфт сухангӯи Федератсияи кёрлинги Русия Валентина Паринова.

Дар додгоҳи ҳакамии варзишӣ имрӯз парвандаи Крушелнитский баррасӣ мешавад. Крушелнитский мегӯяд, дар ин муҳокима ширкат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG