Ссылки доступа

Худкушии Рустамова баъд аз як рӯзи ба нафақа баромаданаш


Дар Ӯзбекистон ҷасади корманди маркази тиббии ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон Зулхумор Рустамоваро 20 феврал дар манзили зисташ овезон пайдо кардаанд.

Ба иттилои пулиси Шаҳрихон, ҷасади Рустамоваи 55-сола баъд аз ташхис ба наздиконаш супорида шуда, дар ҳоли ҳозир, парвандаи ӯро додситонии ноҳия тафтиш дорад.

"Феълан сабабҳои даст ба худкушӣ задани Рустамова маълум нест. Мо ҳодисаро омӯхта, санад тартиб додем ва ба додситонӣ супурдем", - гуфт як корманди пулиси Шаҳрихон.

Ба гуфтаи яке аз хешовандони Зулхумор Рустамова, раҳбарияти марказ вайро иҷборан ба нафақа фиристодааст ва ӯ дар ҳолати афсурдагии сахт худкушӣ кардааст.

Яке аз ҳамкорони Рустамова 21 феврал гуфт, ин зан дар пеши ҳамаи кормандон ба сардухтури марказ изҳор доштааст, ки намехоҳад, бознишаста шавад. Вале сардухтур маҳдуд шудани пули буҷаи марказро баҳона пеш оварда, фармони ба нафақа фиристодани вайро имзо кардааст.

Қонунгузории Ӯзбекистон синни нафақаи мардҳоро 60 ва аз занҳоро 55 муайян кардааст.

XS
SM
MD
LG