Ссылки доступа

Кумитаи тафтишотӣ шикояти шаҳрванди Қазоқистонро дар мавриди шиканҷа месанҷад


Виктор Филинков, фаъоли шаҳрвандии боздоштшуда, ки дар бораи шиканҷа ва латту кӯб хабар медод, гуфт Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи шикояти вай санҷишро шуруъ кардааст. Дар ин бора вакили дифои вай Виталий Черкасов дар Фейсбук иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Филинков, муовини роҳбари Бахши тафтишотии низомӣ дар умури Санкт-Петербург бо вай мулоқот кардааст.

Пештар аз ин додситонии Русия таҳқиқи шикояти Филинковро дар бораи шиканҷа шуданаш рад карда буд. Филинков мегӯяд, маҳз кормандони Хадамоти амнияти федеролӣ ӯро шиканҷа кардаанд. Тафтишот мегӯяд, ин фаъоли ҷамъиятӣ бо ҳамроҳии ҳамандешонаш гуруҳеро таъсис доданд, ки ҳадафаш "фаъолияти террористӣ, тарғиб ва инчунин пуштибонии терроризм буд".

Филинков 23 январ боздошт шуд. Вай мегӯяд, бо ҳадафи эътирофи гуноҳ ӯро латту кӯб карданд.

Дипломатҳои Қазоқистон пештар хабар доданд, ки мақомоти Русия онҳоро дар бораи боздошти шаҳрванди Қазоқистон сари вақт огоҳ накардаанд.

XS
SM
MD
LG