Ссылки доступа

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 5 гузаргоҳи дигар боз мешавад


Баҳром Исматуллоев, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд ба рӯзноманигорон гуфт, мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод кардаанд, ки 5 гузаргоҳи марзии дигарро низ боз кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, барои омода кардани гузаргоҳҳои марзӣ як комиссияи вижа аз аввали имсол кор мебарад. Дар асоси протоколҳои ба имзорасида ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки гузаргоҳҳои гумрукии "Равот" дар Конибодом, "Ӯротеппа" дар Истаравшан, "ДЭУ - 58", "Зомин"-и Зафаробод ва "Навбунёд"-и Аштро аз нав барқарор карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

"Имрӯзҳо бо пешниҳоди гурӯҳи кории комиссияи муштараки марзӣ дар ҳама дидбонгоҳҳо вагончаҳо гузошта шуда, хатҳои барқу об мекашанд. Барои муоинаи мусофирон, фароғати модарони соҳиби кӯдак, назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ тамоми шароитро муҳайё мекунем", - изҳор дошт Аҳмадҷон Бобоев, сардори Шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ дар раёсати мазкур.

Пештар, ибтидои моҳи равон гузаргоҳҳои марзии "Патар – Андархон" байни ноҳияҳои Конибодому Бешариқ ва "Сарбанд" байни ноҳияи Спитамену Бекобод пурра боз гардиданд.

18 феврал девори байни гузаргоҳҳои марзии "Саразм – Ҷартеппа" воқеъ дар канори ноҳияи Панҷакент, ки мардум “Девори Каримов” меноманд, вайрон карда шуд. Ҳамчунин, роҳи оҳани Амузанг-Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ки 8 сол боз баста буд, барои ҳаракати қаторҳо омода мешавад.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ аст, ки 9 тои онҳо мақоми байналмилалӣ доранд.

XS
SM
MD
LG