Ссылки доступа

Дар Черногория ба сафорати ИМА норинҷак ҳаво доданд (видео)


Пулиси Черногория ва Департаменти давлатии ИМА тасдиқ карданд, ки шаби чоршанбе ба панҷшанбе як мард дар назди сафорати Амрико дар шаҳри Подгоритса норинҷаки дастиеро тарконд. Ба гуфтаи пулис, ӯ норинҷакро аз кӯча ба ҳудуди сафорат ҳаво додааст.

Дар натиҷа бинои сафорат осеб надида, вале худи ҳамлагар ҷон бохт. Дар ҳоли ҳозир, шахсияти ҳамлагар маълум нест, ҷасади вайро барои ташхис бурданд.

Ҳодиса тақрибан соатҳои 1-и шаб ба вақти маҳаллӣ рух дод. Ба гуфтаи намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА, "дар ҳоли ҳозир, намояндагии дипломатӣ бо пулис ҳамкорӣ доранд".

"Дар ҳоли ҳозир, сафорат санҷиши дохилӣ мегузаронад, то аз амнияти кормандони худ мутмаин бошад", - навиштааст раҳбари хадамоти матбуотии департамент Хизер Нойерт дар Твиттер.

Взрыв на территории посольства США в Черногории (Подгорица)
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:59 0:00

Черногория тобистони соли 2017 узви НАТО шуд. Ин тасмим норозигии Кремлро ба бор овард. Муносибатҳои Русия ва Черногория ба ҳадде бад шуданд, ки мақомоти ин кишвар капитани рус Эдуард Шишмаковро ба кушиши сарнагун сохтани ҳукумати аврупогарои худ айбдор карданд.

Ба иттилои додситонӣ, капитани нирӯҳои баҳрӣ ва ҷосуси Раёсати иктишофии Русия Эдуард Шишмакови 46-сола ба хотири пешгирӣ аз узвияти Черногория дар НАТО сӯиқасдеро ба ҷони сарвазири ин кишвар Мило Ҷунакович созмон дод.

XS
SM
MD
LG