Ссылки доступа

AI: дар Қазоқистон соли 2017 ҳуқуқи инсон дар се бахш поймол шудааст


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) дар гузориши нави "Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон"-и худ гуфт, мақомоти Қазоқистон барои саркӯби дигарандешон аз равишҳои печидатаре кор мегиранд.

Пажӯҳишгари созмон Хеза Макгилл 22 феврал дар шаҳри Алмато ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳомиёни ҳуқуқро таъқиби иттифоқҳои касабаи мустақил, нақзи ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандӣ ва маҳдуд шудани озодии матбуот дар Қазоқистон нигарон кардааст.

Дар гузориши AI номи фаъолони мадании қазоқ Макс Бокаев ва Талъат Аён низ оварда шудааст, ки баъд аз иштирок дар тазоҳуроти "замин" соли 2016 бо қарори додгоҳи Атирау 5 солӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Макгилл мегӯяд, Бокаев ва Аён барои изҳори назари худ таъқиб шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин гуфтанд, ки дар Қазоқистон бо истифода аз қонун "Дар бораи мубориза бо ифротгароӣ" таъқибҳои худсаронаи ақалиятҳои мазҳабӣ афзоиш ёфта, соли 2017 дар баробари як қатор фаъолон зидди бархе аз рӯзноманигороне ҳам бо ангезаҳои сиёсӣ парванда боз шуд, ки ҳукуматро танқид мекарданд.

XS
SM
MD
LG