Ссылки доступа

Исроил Холдоров - фаъоли ӯзбек - аз зиндон озод шуд


Мақомоти Ӯзбекистон 21 феврал Исроил Холдоровро аз зиндон озод карданд. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ аз Андиҷон Саидҷон Зайнобиддинов хабар дод.

Исроил Холдоров дар Андиҷон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт ва дар соли 2003 роҳбарии бахши вилоятии ҳизби мухолифи "Эрк"-ро ба зима гирифт.

Баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 Исроил Холдоров ҷомеаро аз ҷараёни ҳодисаҳо дар ин шаҳр огоҳ кард.

Баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар саросари Ӯзбекистон боздошти фаъолон ва мухолифон шуруъ шуд. Бино бар бархе иттилоъ, Исроил Холдоровро дар моҳи июли соли 2006 боздошт карданд.

Ӯро дар ширкат кардан дар ҳодисаҳои Андиҷон айбдор дониста, 6 сол зиндонӣ карданд. Соли 2012 ва 2015 муҳлати зиндони вай тамдид шуд.

Исроил Холдоров баъди раҳо шудан аз зиндон ба президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв арзи сипос кардааст.

XS
SM
MD
LG