Ссылки доступа

Шаш тоҷик дар Русия бо ҷурми терроризм аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуд (видео)


Додгоҳи Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми талоши бомбагузорӣ дар мусофирбари хурд ё "маршрутка", ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Додгоҳи низомии Маскав рӯзи 22-юми феврал ба ин гурӯҳ аз 12 то 18 соли зиндонро раво дид. Онҳо ба талоши ташкили террор, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда муттаҳам буданд.

Чаҳор нафари ин гурӯҳ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ду нафари дигар гуфтанд, ки гуноҳ надоранд.

Ба иддаои муфаттишон, соли 2016 айбдоршавандаҳо мехостанд ба як мусофирбар дар минтақаи Любертсии канораҳои Маскав бомба гузоранд.

Тафтишгарон ҳамчунин иддао карданд, ки айбдоршавандаҳо ҳаводори гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд ва мехостанд, баъди ҳамлаи автобус ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.

XS
SM
MD
LG