Ссылки доступа

“Агроинвестбонк” ба амонатгузоронаш ба ҷои пул говсандуқ медиҳад


Масъулони намояндагии “Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои дучори мушкили нақдина дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба амонатгузорони худ ба ҷойи пул ҳар гуна таҷҳизот, аз ҷумла компютеру дастгоҳи чопӣ, говсандуқ (сейф) ва мошин пешниҳод доранд.

Лоиқ Қудратов, раиси намояндагии “Агроинвестбонк” дар Бохтар 22 феврал гуфт, дар пайи мушкили молӣ даҳҳо корманди бонк аз кор озод шуда, таҷҳизоти корияшон бекор мондааст ва тасмим гирифтанд, онҳоро ба ҷойи пул ба амонатгузорон бидиҳанд.

“Агроинвестбонк” ду сол мешавад, бо мушкили молии сахт рӯ ба рӯ шудааст ва бинобар ин, наметавонад, пасандози муштариёни худро баргардонад. Тирамоҳи соли гузашта он маҷбур шуд, 75%-и кормандонашро ҷавоб диҳад.

Раҳмоналӣ Давлатов, корманди як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар ивази пули бандмондаашон дар “Агроинвестбонк” ба утоқи кории худ як компютери навъи HP ва техникаи дигар гирифтааст.

“Тақрибан дусад ҳазор сомонӣ амонат доштем. Ба 42 ҳазораш мошини тамғаи “Нива” гирифтем. Компютер гирифтем. Нархи таҷҳизот чандон гарон нест. Ба ивази пули мондаамон мизу курсӣ низ мегирем. Албатта, ҳамаи ин кор бо созиши ду тараф сурат мегирад”, - афзуд ӯ.

Аммо дар ин миён ҳастанд, нафароне, ки мехоҳанд, нақдина гиранд. Фирӯза, омӯзгори 35-сола аз ноҳияи Дӯстӣ, ҳар моҳ 900 сомонӣ маош мегирад. Ӯ гуфт, бар илова бародарони муҳоҷираш низ ҳар моҳ кумакпулӣ мефиристоданд, то як бахши зиндагиашро бипӯшонад.

“Аммо ман он пулҳоро дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта будам, то ҷамъ шаванду сарпаноҳе бигирем. Дар маҷмӯъ бист ҳазор сомонӣ ҷамъ кардам, аммо се сол боз наметавонам ин пулро бигирам”, - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG