Ссылки доступа

Дар Петербург мусофир ронандаи ӯзбекро то дами марг латтукӯб кардааст


Дар шаҳри Петербурги Русия марде ронандаи автобуси мусофирбар, шаҳрванди Ӯзбекистонро то дами марг латтукӯб кардааст. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", муҳоҷири ӯзбек дар натиҷаи бардоштани захми зиёд дар бемористон ҷон бохт.

Ин ҳодиса 21 феврал дар хиёбони Ленини Петербург рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, мусофири автобус баъд аз як баҳси лафзӣ ронандаи 49-соларо сахт латту кӯб ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ронандаро ба беморхона интиқол додаанд, вале субҳи 22 феврал ҷон дод.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг шудааст" парванда боз гашта, гумонбарро ҷустуҷӯ доранд.

XS
SM
MD
LG