Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз молҳои истеҳсоли Қирғизистон заҳр пайдо гардид


Дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон дар анҷомҳои кӯдаконаи истеҳсоли Қирғизистон заҳр пайдо шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба муовини раиси идораи ҳифзи сиҳатии оммаи вилояти Қарағанда Юрий Залигин хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, кормандони тиббӣ дар бозорҳо ва мағозаҳои Қарағанда санҷиш анҷом дода, дар таркиби либосҳои кӯдаконаи истеҳсоли Қирғизистон заҳр пайдо карданд.

"Қисми зиёди моли бозору мағозаҳо аз шаҳрҳои Алмато ва Бишкек ворид шуда буд. Формалдегид (моддаи дар таркиби либосҳо пайдошуда) - заҳр аст. Ин модда метавонад ба ҷисми инсон интиқол ёбад ва боиси пайомадҳои нохуб шавад", - гуфт Юрий Залигин.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, либосҳои кӯдакона мусодира ва тоҷирон ҷарима шуданд.

XS
SM
MD
LG